Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбарият ва намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд.
Вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои мазкур гузаронида шуд.
Дар мулоқот Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода, муовини якуми сардори Хадамот Идибек Қадамов, директори Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Кариев, мушовири Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Алимов, намояндаи ширкати “Маримед”-и Ӯзбекистон Абдувоҳид Ваҳобов ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолии фармасевтии ватанӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти равнақи самтҳои мухталифи соҳаи фармасевтӣ: инкишофи саноати дорусозӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мусоидат барои бақайдгирӣ ва муомилоти маводи дорувории тарафҳо дар кишварҳо баррасӣ шуданд.










АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






