Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир шуд

Апрель 16, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбарият ва намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд.

Вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои мазкур гузаронида шуд.

Дар мулоқот Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Бекмуродзода, муовини якуми сардори Хадамот Идибек Қадамов,  директори Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Сардор Кариев, мушовири Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Алимов, намояндаи ширкати “Маримед”-и Ӯзбекистон Абдувоҳид Ваҳобов ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолии фармасевтии ватанӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти равнақи самтҳои мухталифи соҳаи фармасевтӣ: инкишофи саноати дорусозӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мусоидат барои бақайдгирӣ ва муомилоти маводи дорувории тарафҳо дар кишварҳо баррасӣ шуданд.

Апрель 16, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст