Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Ӯзбекистон дар соҳаи кинематография аз 28 апрел то 1 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни баргузории ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии «Илҳоқ», «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанади «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум», «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди кинематографистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд, манзури алоқамандони кино гардонида мешаванд.
Намоиши филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва «Зебуннисо» ба нақша гирифта шуда, даромад озод мебошад.
Баргузории чорабинии мазкур ба тавсеаи ҳамкории судманд миёни филмсозони тоҷику ӯзбек мусоидат намуда, дӯстию ҳусни ҳамҷавории халқу миллатҳои бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро устувортар менамояд.
АКС аз МД «Тоҷикфилм»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






