Дар Душанбе таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ » конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 29, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шароити кунунии мураккаби ҷаҳонишавӣ таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкили таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул ёфтааст. Инчунин гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳою роҳандозии «ҳукумати электронӣ» ва қадамҳои нахустин ба сӯи иқтисоди рақамӣ аҳамияти амнияти иттилоотиро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун масъалаҳои мубрам арзёбӣ менамоянд. Дар ин бора имрӯз зимни Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ » ибрози назар карда шуд.

Конференсияи мазкур бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Аҳтам Абдуллозода, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилот, инчунин дигар мутахассисони соҳа иштирок намуда, паҳлӯҳои гуногуни назариявӣ ва илмию амалии таъмини амнияти иттилоотиро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 62 Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар ҷумҳурӣ барои соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли равон тасдиқ шудааст, конференсия баргузор гардид.

Мавсуф зикр кард, ки дар заминаи барнома ва стратегияи қабулкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти роҳандозии «ҳукумати электронӣ» ва рақамикунонии иқтисодиёт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарурати такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва инфрасохтори амнияти иттилоотиро муҳим шумориданд.

Зикр гардид, ки дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ омода намудани кадрҳои баландихтисос тавассути роҳандозии курсҳои такмили ихтисос ва таъсиси ихтисосҳои муносиб дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар зарур аст.

«Имрӯз мо дар шароити зудтайғирёбандаи илму техника қарор дорем ва барои таъмини амнияти иттилоотӣ кадрҳое омода кардан зарур аст, ки бо амнияти иттилоотӣ кор баранд»,-афзуд Аҳтам Абдуллозода.

Ҳамзамон дар конференсия масъалаҳои ҳифзи техникии иттилоот, таносуби таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии таъмини амнияти иттилоотӣ низ мавриди баррасии мутахассисон қарор гирифта, хулосаҳои илмиву амалӣ пешниҳод шуданд.

Дар хатми Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ» дар самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд, ки минбаъд дар фаъолияти амалии мутахассисони соҳа қарор мегиранд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 29, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст