Дар Форуми минтақавии соҳибкорон дар Хуҷанд рушди соҳибкории инноватсионӣ матраҳ гардид

Апрель 30, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 150 нафар  намояндагони ширкату корхонаҳои инноватсионии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд дар  Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки  таҳти унвони «Рушди соҳибкории инноватсионӣ» дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд доир гардид, иштирок намуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.

Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ташкил карда шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти инноватсионӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муарифии имконияти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ  мебошад.

Кори Форуми минтақавӣ дар чор гурӯҳ -«Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар  шароити беҳтар шудани инфрасохтор: алоқа ва коммуникатсияи технологӣ», «Паркҳои технологӣ ҳамчун асоси рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ», «Имконияти васеи истифодаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди инфрасохтори замонавӣ дар Тоҷикистон» ва «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон» идома ёфт.

Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар дар сиғаи «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд. Дар доираи форум соҳибкорон ва меҳмонон ба корхонаҳои «ММК Агро», «Крутони», «Сайҳун», «Ҳаловат», «Субҳи зарин», «Ариана азия металл», «Арча» ва «Амид»-и вилояти Суғд рафта, бо раванди истеҳсолӣ шинос гардиданд.

Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Апрель 30, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд