Дар мақомоти гумрук мусобиқаи кушоди варзишӣ ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Байни воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои футболи хурд, шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо мақсади рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти гумрук гузаронида шуд.
Мусобиқаи мазкур аз намудҳои футболи хурд, шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ барои такмили маҳорату малакаи варзишӣ ва омодагии ҷисмонӣ миёни 6 дастаи воҳидҳои сохтории минтақавии Хадамоти гумрук сурат гирифт.
Аз ҷараёни мусобиқаҳо маълум гардид, ки варзишгарон бо тайёрии хуб ҳозир шуда, тавонистанд дар қувваозмоиҳо малакаю маҳорати баланди варзишӣ нишон диҳанд.
Баъди вохӯрии ниҳоӣ ғолибони мусобиқаи варзишии даставӣ муайян гардиданд. Дар намуди футболи хурд дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби дастаҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гардиданд.
Инчунин ғолибони намудҳои дигари мусобиқаи кушоди варзишӣ — шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ муайян шуда, бо ифтихорномаю туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Аксҳо аз Хадамоти гумрук










Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






