Дар мақомоти гумрук мусобиқаи кушоди варзишӣ ҷамъбаст шуд

Апрель 12, 2021 16:21

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Байни воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои  футболи хурд, шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ  доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд.

Мусобиқаи мазкур  бо ташаббуси сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода  бо мақсади рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти гумрук гузаронида шуд.

Мусобиқаи мазкур аз намудҳои футболи хурд, шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ  барои такмили  маҳорату малакаи варзишӣ ва омодагии ҷисмонӣ  миёни 6 дастаи воҳидҳои сохтории минтақавии Хадамоти гумрук сурат гирифт.

Аз ҷараёни мусобиқаҳо маълум гардид, ки варзишгарон бо тайёрии хуб ҳозир шуда, тавонистанд дар қувваозмоиҳо малакаю маҳорати баланди варзишӣ нишон диҳанд.

Баъди вохӯрии ниҳоӣ ғолибони мусобиқаи варзишии даставӣ муайян гардиданд. Дар намуди футболи хурд дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби дастаҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гардиданд.

Инчунин ғолибони намудҳои дигари мусобиқаи кушоди варзишӣ — шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ муайян шуда, бо ифтихорномаю туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Аксҳо аз Хадамоти гумрук

Апрель 12, 2021 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад