Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон баргузор гардид

Апрель 4, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Москва дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Ара Айвазян баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вазирон масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Арманистон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Апрель 4, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард