Дар Муъминобод барои пешгирии ҷинояткорию омилҳои номатлуб силсиламулоқотҳо доир менамоянд
МУЪМИНОБОД, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар 4 ҷамоат ва 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо ҷавонону сокинон, хонандагон ва волидайни онҳо суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳадафи ин силсиламулоқот пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, таҷовуз ба номус, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва дигар омилҳои номатлуб буда, инчунин фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошад.
Тавре мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Раҷабов иттилоъ дод, дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва волидайни онҳо намояндагони соҳаи маориф, прокуратура ва дигар намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҷавонон фаҳмонида шуд, ки ҳушёру зирак бошанд, то ба доми ифротгароён наафтанд, аз ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ истифода набаранд ва вақти бештари худро ба китобхонӣ равона сохта, аз панду андарзҳои шоирони классики тоҷику форс баҳраванд гарданд.
Ҳамзамон аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки ба фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то даст ба ҷинояткорӣ назананд. Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба волидайни хонандагон фаҳмониданд, ки ба шабгардии фарзандонашон роҳ надода, аз дуздӣ, ғоратгарӣ ва дигар корҳои номатлуб онҳоро дур созанд.
Масъулини бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Муъминобод ният доранд, ки дар 3 ҷамоат ва 31 муассисаи таълимии дигар чунин суҳбату мулоқот доир намоянд.
Аксҳо аз муаллиф








Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд






