Дар Муъминобод барои пешгирии ҷинояткорию омилҳои номатлуб силсиламулоқотҳо доир менамоянд

Апрель 13, 2021 13:33

МУЪМИНОБОД, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар  4 ҷамоат ва 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо ҷавонону сокинон, хонандагон ва волидайни онҳо суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳадафи ин силсиламулоқот пешгирии  омилҳои номатлуби  иҷтимоӣ  миёни ҷавонон,  аз қабили  ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, экстремизм, терроризм, ифротгароӣ,  таҷовуз ба номус, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва дигар омилҳои номатлуб буда, инчунин фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти  падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд», «Дар  бораи  танзими анъана ва ҷашну маросими  миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар   масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Тавре мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Раҷабов иттилоъ дод, дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва волидайни онҳо  намояндагони соҳаи маориф, прокуратура ва дигар намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҷавонон фаҳмонида шуд, ки ҳушёру зирак бошанд, то ба доми ифротгароён наафтанд, аз ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ истифода набаранд ва вақти бештари худро ба  китобхонӣ равона сохта, аз панду андарзҳои  шоирони классики тоҷику форс  баҳраванд гарданд.

Ҳамзамон аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки ба фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то даст ба ҷинояткорӣ  назананд. Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ  ба волидайни хонандагон  фаҳмониданд, ки ба шабгардии  фарзандонашон роҳ надода, аз дуздӣ, ғоратгарӣ ва дигар корҳои номатлуб онҳоро дур созанд.

Масъулини бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Муъминобод ният доранд, ки дар 3 ҷамоат ва 31 муассисаи таълимии дигар чунин суҳбату мулоқот доир намоянд.

Аксҳо аз муаллиф

Апрель 13, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид