Дар ноҳияи Синои Душанбе мағозаи фурӯши гӯшт ба истифода дода шуд

Апрель 7, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи тадбирҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Хусрав Алиматов Мағозаи фурӯши гӯшт ба истифода дода шуд. Дар дӯкони мазкур шароити зарурӣ, аз қабили воридоту насби яхдонҳои босифат анҷом ёфтааст, ки имкон медиҳад гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ бо риояи қоидаҳои дурусти санитарӣ нигоҳдорӣ шуда, маҳсулоти босифат ба муштариён манзур гардад.

Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, имкон медиҳад маҳсулот то ба дасти харидор расидан бо сифати хуб нигоҳдорӣ шавад. Дар мағозаи мазкур 13 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншоот ва суҳбат бо соҳибкорон онҳоро ба риояи қоидаҳои санитарӣ дар фаъолияти корӣ даъват намуданд, то маҳсулоти аз ҷиҳати санитарӣ тоза дастраси сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардад.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор ба масъалаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии атрофи дӯкон ҳам таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардидааст, ки дар оянда дар ин мавзеъ муҳити тозаи экологӣ  фароҳам оварда мешавад.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Апрель 7, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд