Дар Норак 100 мавзеи фароғатӣ, 3 меҳмонхонаи муосир ва 27 ёдгории таърихию фарҳангӣ сайёҳонро интизоранд

Апрель 23, 2021 09:07

БОХТАР, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Норак ҳамеша барои сайёҳон ҷолиб буд. Бо эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бахши сайёҳӣ вориди давраи нави рушд гардид. Меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо сохта, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳолати муносиб оварда мешаванд.

Тавре мутахассиси шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Алиҷон Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз 100 мавзеи истироҳатӣ, 3 меҳмонхонаи муосир, як осоишгоҳ ва 27 ёдгории таърихӣ — фарҳангӣ ба омадани сайёҳони дохилию хориҷӣ омода мебошанд.

«Ҳар сол барои рушди туризм иншооти нави муосир сохта мешаванд. Дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ шаҳр симои худро ба куллӣ дигар кард. Биноҳои муосири бисёрқабата, Қасри фарҳанг, гулгаштҳои зебо, чароғҳои рангоранг, инчунин корҳои сабзазоркунӣ ва ободонӣ ба ҳусни Норак ҳусни тоза зам ва ҷаззобияти онро бештар мекунанд. Мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва табиати зебо ба Норак имкон медиҳад, ки соҳаҳои гуногуни сайёҳӣ рушд ёбанд», — гуфт мутахассис.

Соли 2020 тақрибан 200 ҳазор меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ба Норак ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли 2019 86 ҳазор нафар зиёдтар аст.

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Норак

Апрель 23, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад