Дар озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ВМКБ 100 нафар ширкат мекунанд
ХОРУҒ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 9 нафар ширкат доштанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявӣ на камтар аз 100 нафар бояд ширкат варзанд.
Ин матлабро муовини раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Зунайда Раҷабова зимни ҷамъомаде, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар робита ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ширкати намояндагони соҳаи маорифу фарҳанги ноҳия баргузор гардид, баён дошт.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад Зунайда Раҷабова ҳамчунин гуфт, ки “озмуни имсола ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се сол пеш бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, имрӯз ба яке аз барномаҳои беҳтарини фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин иқдоми фарҳангии Пешвои миллат, ки ҳадафи он бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба китобу китобхонист, аз тарафи кулли шаҳрвандони мамлакат бо самимияти хосса пазируфта шуд ва барои дар сатҳи баланд доир намудани он ҳама гуна тадбирҳои муассир андешида шуданд”.
Давоми ин солҳо дар озмуни мазкур даҳҳо нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон ширкат намуда, дониш, истеъдоду малакаи худро санҷида, ғолибону беҳтаринҳо сазовори ҷоизаву мукофотҳои арзишманд гардиданд.
Номбурда афзуд, ки “ҳукумати кишвар чанд соли охир ба соҳаи китобдорию китобхонӣ диққати хосса зоҳир менамояд. Зеро китоб на танҳо дар тарбияи ахлоқию маърифатии наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад, балки онҳоро аз ҳар гуна рафторҳои ношоиста ва гароиш ба ҳаракатҳои номатлуб бозмедорад”.
Зунайда Раҷабова аз мудирони китобхонаҳо ва омӯзгорону волидон даъват кард, ки барои дастрас намудани китобҳои зарурӣ ба толибилмон кумак расонанд. Дар сурати пайдо накардани баъзе китобҳо ба дастгоҳи раиси вилоят муроҷиат кунанд. “Мо кӯшиш мекунем, ки дар зудтарин фурсат доваталабони озмуни мазкурро бо китобҳои зарурӣ таъмин намоем”,-гуфт мавсуф.
Соли равон бо мақсади татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор мегардад.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ, номзади илмҳои математика Шокарим Шоҳзиёев гуфт, ки “ҳадафи ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеи ихтироъкорию навоварӣ мебошад. Низомномаи озмуни мазкур ба тасвиб расида, дастраси ҳамагон гардидааст. Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед тавассути суроғаи электронӣ ба устодони донишгоҳ муроҷиат намоед”.








Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад






