Дар озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ВМКБ 100 нафар ширкат мекунанд

Апрель 28, 2021 11:01

ХОРУҒ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст»  аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 9 нафар ширкат доштанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар озмуни  имсолаи  ҷумҳуриявӣ на камтар аз 100 нафар бояд ширкат варзанд.

Ин матлабро муовини раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Зунайда Раҷабова зимни ҷамъомаде, ки дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар робита ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст» бо ширкати намояндагони соҳаи маорифу фарҳанги ноҳия баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад Зунайда Раҷабова ҳамчунин  гуфт, ки “озмуни  имсола ба  ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида  мешавад.  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се сол пеш бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, имрӯз ба яке аз барномаҳои беҳтарини фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин иқдоми фарҳангии Пешвои миллат, ки ҳадафи он бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба китобу китобхонист, аз тарафи кулли шаҳрвандони мамлакат бо самимияти хосса пазируфта шуд ва барои дар сатҳи баланд доир намудани он ҳама гуна тадбирҳои муассир андешида шуданд”.

Давоми ин солҳо дар озмуни мазкур даҳҳо нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон ширкат намуда, дониш, истеъдоду малакаи худро санҷида, ғолибону беҳтаринҳо сазовори ҷоизаву мукофотҳои арзишманд гардиданд.

Номбурда афзуд, ки “ҳукумати кишвар чанд соли охир ба соҳаи китобдорию китобхонӣ диққати хосса зоҳир менамояд. Зеро китоб на танҳо дар тарбияи ахлоқию маърифатии наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад, балки онҳоро аз ҳар гуна рафторҳои ношоиста ва гароиш ба ҳаракатҳои номатлуб бозмедорад”.

Зунайда Раҷабова аз мудирони китобхонаҳо ва омӯзгорону волидон даъват кард, ки барои дастрас намудани китобҳои зарурӣ ба толибилмон кумак расонанд. Дар сурати пайдо накардани баъзе китобҳо ба дастгоҳи раиси вилоят муроҷиат кунанд. “Мо кӯшиш мекунем, ки дар зудтарин фурсат доваталабони озмуни мазкурро бо китобҳои зарурӣ таъмин намоем”,-гуфт мавсуф.

Соли равон бо мақсади татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор мегардад.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ, номзади илмҳои математика Шокарим Шоҳзиёев гуфт, ки “ҳадафи ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеи ихтироъкорию навоварӣ мебошад. Низомномаи озмуни мазкур ба тасвиб расида, дастраси ҳамагон гардидааст. Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед тавассути суроғаи электронӣ ба устодони донишгоҳ муроҷиат намоед”.

Апрель 28, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид