Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва «Дар бораи чарогоҳ» баррасӣ шуд

Апрель 26, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»  ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»  бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия гаштааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст,-афзуд раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур.

Эмомалӣ Насриддинзода ҳамчунин иброз намуд, ки мувофиқи тағйироту иловаи пешбинишуда ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти санҷиши фаъолияти нотарилӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва уҳдадориҳои нотариуси давлатӣ мушаххас гардидааст.

Моддаи 1 лоиҳа фарогири 3 қисм буда, тибқи қисми 1 тағйирот ба қисми 6, моддаи 5 доир ба назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа мустақилона ва ё якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ  карда мешавад. Дар асоси қисми 2 лоиҳа дар сархати сеюми қисми 3, моддаи 10 Қонуни амалкунанда калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломат ва калимаҳои «маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда мешаванд. Қисми 3 лоиҳа аз уҳдадориҳои нотариусҳои давлатӣ оид ба амалиёти шубҳаноке, ки вобаста ба ҳаҷми калони маблағҳои пулӣ гузаронида мешаванд, иборат буда, зимни иловаи нав нотариусҳои давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки оид ба амалиёти аҳдҳои дорои хусусияти молумулкӣ, ки маблағи он баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин амалиёти аҳдҳо оид ба молу мулки ғайриманқул ва қоғазҳои қиматнок ба маблағи баробар 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он иборат бударо ҳатман ба мақоми ваколатдори давлатӣ хабар диҳад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 14, 21, 32 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Тавре зикр шуд,  дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки лоиҳа бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2020 ва аз 28 сентябри соли 2020 бо мақсади истифода ва ҳифзи чарогоҳҳо, инчунин муайян намудани ваколатҳои лоиҳаи мазкур омода шудааст.

Вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ҷиҳати бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба моддаҳои 1, 4, 5, 7, 8, 9, 12, 14, 20, 23, 25, 26 Қонуни амалкунанда талаботи дигар санадҳои меъёрии бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Одиназода Ҳ.Р.», «Дар бораи узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Абдусаломзода М.А.», «Дар бораи узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Исмоилиён К.И.» ва   «Дар бораи узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Қосимӣ Ф.» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар акс вакили мардумӣ Эмомалӣ Насриддинзода

Апрель 26, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин