Дар шаҳри Турсунзода ба ҳар хонавода китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим мегардад
ТУРСУНЗОДА, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел корвони китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамчун қомус ва шиносномаи миллат арзёбӣ мешавад, вориди шаҳри Турсунзода гардид.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “ин шоҳасар саҳифаҳои пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷиконро инъикос намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои таҳкими пояҳои давлатдории хеш ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон аз саҳифаи таърихи ниёгон сабақи ибратомӯз бардорем. Хушбахтона, туҳфаи пурарзиши муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода низ ворид гардида, аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти шаҳр бо хушҳолӣ пазируфта шуд. Ҷиҳати сари вақт расонидани туҳфаи Сарвари давлат ба аҳолӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссия таъсис гардида, тақсими китобҳо дар 9 ҷамоати деҳот ва маркази шаҳр, ки фарогири беш аз 55 ҳазор хонавода аст, муташаккилона амалӣ карда мешавад”.
Сокини Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлол Ибодулло Мирзоев зимни қабули туҳфаи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «барои ман мояи ифтихор аст, ки яке аз бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик вориди хонадони мо гардид. Мутмаинам, ки он дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад».
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда мешавад.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






