Дар шаҳри Турсунзода ба ҳар хонавода китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим мегардад

Апрель 29, 2021 09:31

ТУРСУНЗОДА, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел корвони китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки  ҳамчун қомус ва шиносномаи миллат арзёбӣ мешавад, вориди шаҳри Турсунзода гардид.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода  Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “ин шоҳасар  саҳифаҳои пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷиконро инъикос намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки  барои таҳкими пояҳои давлатдории хеш ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон аз саҳифаи таърихи ниёгон сабақи ибратомӯз бардорем. Хушбахтона, туҳфаи пурарзиши муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода низ ворид гардида, аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти шаҳр бо хушҳолӣ пазируфта шуд. Ҷиҳати сари вақт  расонидани туҳфаи Сарвари давлат ба аҳолӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссия таъсис гардида,  тақсими китобҳо дар  9 ҷамоати деҳот ва маркази шаҳр, ки фарогири  беш аз 55 ҳазор хонавода аст, муташаккилона амалӣ карда мешавад”.

Сокини Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлол Ибодулло Мирзоев зимни қабули туҳфаи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  иброз дошт, ки  «барои ман мояи ифтихор аст, ки яке аз бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик вориди хонадони мо гардид. Мутмаинам, ки он дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо  мегузорад».

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои  маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони  мамлакат тақдим карда мешавад.

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 29, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид