Дар Шаҳринав бо мақсади хушзоткунӣ Фестивал-намоиши чорвои зотӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар бозори «Ҷумъа»-и ноҳияи Шаҳринав Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид. Фестивал-намоиши мазкур бо мақсади хушзот намудани чорво, рушди соҳаи чорводорӣ, афзун намудани саршумор ва маҳсулоти чорво роҳандозӣ гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин Фестивал-намоиш раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои чорводорӣ, аз ҷумла зотпарварӣ ва шахсони алоҳидае, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд, иштирок карданд.
Дар фестивал аз ҷониби хоҷагиҳои зотпарварӣ, чорводор ва шахсони алоҳида чорвои маҳаллии хушзот, сиёҳало, зотҳои шведӣ, мобиляр, гӯсфандони зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, аспҳои зоти тоҷикӣ, парандаҳои гӯштию тухмдеҳ, асбобу анҷоми бордоркунии сунъӣ, доруҳои байторӣ ва тухми растаниҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни боздид аз Фестивал-намоиши чорвои зотӣ ва суҳбат бо чорводорону мутахассисон бори дигар зарурату аҳамияти хушзоткунии чорво ва омӯзиши таҷрибаи хоҷагиҳои зотпарвари пешқадам ва дигар омилҳоро асоси рушди чорводорӣ дониста, чорводоронро ба ҳамкории самарабахши тарафайн, истифодаи самараноки замин ва роҳҳои рушди соҳаи чорводорӣ ҳидоят кард.
АКС: аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






