Дар Шаҳринав риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон баррасӣ гардид

Апрель 3, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мавзеъҳои зебоманзари «Пушти миёна», «Патру», «Ҳакимӣ», «Обиборик», «Тахти Сулаймон», кӯлҳои «Темурдара», «Париён», «Ҷувозак» ва  истироҳатгоҳи муолиҷавии Қаратоғ барои рушди сайёҳии ноҳияи Шаҳринав нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи садҳо нафар сайёҳони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

Ин нукта зимни ҳамоише, ки дар ноҳияи Шаҳринав оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон баргузор гардид, зикр шуд. Ҳамоиш  бо ибтикори  Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар доираи амалишавии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, дар он намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон, аз ҷумла дар марҳилаи паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19, таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении меҳмонхонаҳо, тарабхонаву ошхонаҳо ва маконҳои серҷамъият бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, рушди самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар ноҳия, аз қабили кӯҳнавардӣ, варзишӣ, пиёдагардӣ ва экологӣ, дар мазеъҳои кӯҳӣ сохтани меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон ва ташкили омӯзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти рекламаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.

Ноҳияи Шаҳринав дорои боду ҳавои мусоид, меваҳои шаҳдбор, манзараҳои нотакрори табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳо, обҳои ширини шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот буда, як олами нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Солҳои охир дар ин ҷо сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ ва шикору моҳидорӣ рушд ёфта истодааст.

Бо дарназардошти дорои имконоти зиёди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ будани ноҳияи Шаҳринав Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста дар барномаҳои сатҳи миллию байналмилалӣ мақомоти ноҳияро бо мақсади муаррифии захираҳои сайёҳии минтақа ҷалб менамояд.

 

АКСҲО аз Кумитаи рушди сайёҳӣ

Апрель 3, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад