Дар Шаҳринав ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи нисбат ба бозор арзон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар». Имрӯз дар бозори «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Арзиши молу маҳсулоти ин ярмарка дар муқоиса ба маҳсулоти бозорҳои ноҳия арзонтар аст. Аз ҷумла, нархи 1 кг гӯшти гов ё гӯсфанд 50 сомонӣ, 1 литр шир 3, 1 кг бодиринг 7 ва 1 дона тухм 1 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба танзим даровардани нархи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар гӯшаю канори ноҳия пайваста ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешаванд.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус қишри ниёзманди ҷомеа, таъмин намудани мардум бо маҳсулоти тару тоза ва арзон доир карда шуд.
Дар баргузории намоиш раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ширкат варзида, ба масъулин ба хотири дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






