Дар Шаҳринав ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи нисбат ба бозор арзон баргузор шуд

Апрель 27, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар». Имрӯз дар бозори «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Арзиши молу маҳсулоти ин ярмарка дар муқоиса ба маҳсулоти бозорҳои ноҳия  арзонтар аст. Аз ҷумла, нархи 1 кг гӯшти гов  ё  гӯсфанд  50 сомонӣ,  1 литр шир 3,  1 кг бодиринг 7  ва  1 дона тухм 1 сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба танзим даровардани нархи  молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар гӯшаю канори  ноҳия  пайваста ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешаванд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус қишри ниёзманди ҷомеа, таъмин намудани мардум бо маҳсулоти тару тоза ва арзон  доир карда шуд.

Дар  баргузории намоиш  раиси ноҳияи Шаҳринав  Ҷаббор Носирзода ширкат варзида, ба масъулин ба хотири дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум изҳори сипос намуд.

Апрель 27, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид