Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд

Апрель 24, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияи «Тозагии роҳ»  ва дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Деҳқонобод ва Дурбати шаҳри Ҳисор аксияи  «Тозагии соҳил» доир шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 320 нафар иштирок намуданд.   

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин тадбирҳо бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву солим гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии шаҳри Ҳисор бо ҷалби васеи аҳолии шаҳр ва шахсони касбу кори гуногун гузаронида шуданд.

Дар аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» ду тарафи ҷӯйборҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза гардида, инчунин атрофи гулҳои мавсимӣ нарм карда шуданд. Дар маҷмӯъ 4,2 метри мураббаъ партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи марказии шаҳр интиқол дода шуданд.

Апрель 24, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид