Дар Тоҷикистон бори аввал дар 15 соли охир ҳаҷми содирот аз воридот бештар шуд

Апрель 16, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 16.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 15 соли охир  бори аввал  ҳаҷми содироти  нисбат ба воридот  бештар шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2021 содирот нисбат ба воридот ба маблағи 105 миллион доллари ИМА  афзоиш ёфт. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан, ду сол пеш,    ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёд буд.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ  тақрибан 34 дарсад афзуда, ба 1, 79 миллиард доллар баробар шудааст.

Ҳаҷми маблағи содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли равон 949,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 844,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Тоҷикистон ба хориҷи кишвар  асосан металлҳои қиматбаҳо, алюминий, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк содирот мекунад. Дар семоҳаи аввали имсол  ба ҷумҳурӣ бештар маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона ворид гардидааст.

                                       АКС аз бойгонӣ

Апрель 16, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд