Дар Тоҷикистон бори аввал дар 15 соли охир ҳаҷми содирот аз воридот бештар шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 15 соли охир бори аввал ҳаҷми содироти нисбат ба воридот бештар шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2021 содирот нисбат ба воридот ба маблағи 105 миллион доллари ИМА афзоиш ёфт. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, ду сол пеш, ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёд буд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ тақрибан 34 дарсад афзуда, ба 1, 79 миллиард доллар баробар шудааст.
Ҳаҷми маблағи содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли равон 949,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 844,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.
Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан металлҳои қиматбаҳо, алюминий, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк содирот мекунад. Дар семоҳаи аввали имсол ба ҷумҳурӣ бештар маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона ворид гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид






