Дар Тошканд таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машваратҳои хадамоти иттилооти ВКХ кишварҳои узви СҲШ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 апрел дар Тошканд дар Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (КИ РАТС СҲШ) таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машваратҳои навбатии байниидоравии хадамоти иттилоотии кишварҳои узви СҲШ баргузор шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, вохӯрии намояндагони хадамоти иттилоотӣ дар шакли омехта бо иштироки бевоситаи Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Кумитаи иҷроияи РАТС СҲШ ва иштироки фосилавии Ҳиндустон, Чин, Покистон ва котиботи СҲШ баргузор гардид.
Баррасии роҳҳои ҳамкорӣ ва усулҳои инъикоси иттилоотӣ дар саммити ҷашнии СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли равон ва дар ҷашни 20-солагии Созмон мавзӯи асосии рӯзномаи вохӯрӣ буд.
Иштирокчиён инчунин маърӯзаи котиботи СҲШ-ро дар бораи корҳои анҷомдода дар доираи фаъолияти иттилоотӣ дар 3 соли гузашта шуниданд.
Оид ба натиҷаи машваратҳо Протокол ба имзо расид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






