Дар Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модар-Замин ҳамоиш доир шуд
ТУРСУНЗОДА, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии Модар — Замин дар Муассисаи таълимии давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳр Турсунзода» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад мутахассисони ҳифзи муҳити зисти шаҳр доир ба таърих ва моҳияти ин санаи муҳими экологӣ сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки истилоҳи «Модар-Замин» дар бисёр кишварҳо маъмулан пазируфта шуда, муносибати сайёра, экосистемаҳои он ва одамонро инъикос менамояд. Ин рӯз ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ дар сессияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2009 таъсис ёфта, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола 22 апрел таҷлил карда мешавад.
Мақсад аз эълон намудани Рӯзи байналмилалии Модар – Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад. Рӯзи Модар-Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд.
Таҷлили Рӯзи Модар – Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар нафар вазифадор аст нисбат ба он ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.
Ин аст, ки сокинони шаҳри Турсунзода пайваста пайи тозаю озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр, аз партовҳо тоза намудани роҳу ҷӯйбор, каналҳои обгузар саъй намуда, аксияҳои тозагӣ доир менамоянд.
Дар ин рӯз дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр барои аз партовҳо ва ифлосиҳо тоза намудани муҳити зисти сокинон ҳашару аксияҳо гузаронида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






