Даргузашти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Апрель 14, 2021 13:19

ДУШАНБЕ, 14.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ин субҳ яке аз донишмандони  ислом ва  аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои тоҷик Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷасади ӯро имрӯз, 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супориданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре дар сарчашмаҳо омадааст, домулло Ҳикматуллоҳ таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.

Ба гуфти наздиконаш, беш аз як сол буд, ки аз беморӣ азият мекашид. Маъруфтияти ӯ марзҳои Тоҷикистонро убур карда буд. Ҳаводорони бешумори Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи  Тоҷикободӣ на танҳо тоҷикон, балкии ӯзбеку қирғизу қазоқ ва ҳатто русҳо низ буданд ва барои гирифтани як каф дуо ба дидори эшон меомаданд, ӯро дӯст медоштанд, аз ақидаҳояш пайравӣ мекарданд.

Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ олим ва донишманди фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, адиб, муаллифи чандин асарҳои илмиву адабӣ, муррабӣ ва шахсияти барҷастаи динӣ дар кишвар ва берун аз он эътироф шудаанд.

Асарҳои навиштаи эшон барои насли имрӯза ва оянда  манфиатовар ва мондагоранд.

«Дар замоне, ки арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, аз ҷумла арзишҳои милливу мазҳабӣ аз ҷониби баъзе шахсон ва равияву мазҳабҳои ба истилоҳ «навбаромад» бо ҳадафҳои ғаразнок мавриди таҳрифу бозхоҳӣ қарор мегиранд, Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ҷиҳати покиза нигоҳ доштани арзишҳои мазҳабии сунатӣ самимона саъю талош намуда, бо сухан ва навиштаҳояш ин арзишҳоро қотеъона дифоъ менамояд», — навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Сафармуҳаммад Айюбӣ.

Апрель 14, 2021 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад