Даргузашти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ
ДУШАНБЕ, 14.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ин субҳ яке аз донишмандони ислом ва аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои тоҷик Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷасади ӯро имрӯз, 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супориданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре дар сарчашмаҳо омадааст, домулло Ҳикматуллоҳ таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.
Ба гуфти наздиконаш, беш аз як сол буд, ки аз беморӣ азият мекашид. Маъруфтияти ӯ марзҳои Тоҷикистонро убур карда буд. Ҳаводорони бешумори Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ на танҳо тоҷикон, балкии ӯзбеку қирғизу қазоқ ва ҳатто русҳо низ буданд ва барои гирифтани як каф дуо ба дидори эшон меомаданд, ӯро дӯст медоштанд, аз ақидаҳояш пайравӣ мекарданд.
Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ олим ва донишманди фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, адиб, муаллифи чандин асарҳои илмиву адабӣ, муррабӣ ва шахсияти барҷастаи динӣ дар кишвар ва берун аз он эътироф шудаанд.
Асарҳои навиштаи эшон барои насли имрӯза ва оянда манфиатовар ва мондагоранд.
«Дар замоне, ки арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, аз ҷумла арзишҳои милливу мазҳабӣ аз ҷониби баъзе шахсон ва равияву мазҳабҳои ба истилоҳ «навбаромад» бо ҳадафҳои ғаразнок мавриди таҳрифу бозхоҳӣ қарор мегиранд, Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ҷиҳати покиза нигоҳ доштани арзишҳои мазҳабии сунатӣ самимона саъю талош намуда, бо сухан ва навиштаҳояш ин арзишҳоро қотеъона дифоъ менамояд», — навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Сафармуҳаммад Айюбӣ.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид






