Даври аввали Муколамаи миллӣ оид ба низоми озуқаворӣ барои Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити низоми озуқавории СММ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити низоми озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2021 дар назар аст, Муколамаи миллии низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муколамаи мазкур намояндагони СММ, шарикони рушд, вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи соҳибкорон ва дигар намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода ҳамчун Ҳамоҳангсози миллӣ ба Муколамаи Саммити системаи озуқаворӣ оғоз бахшида, вобаста ба низоми озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Намояндагони созмону ташкилоти соҳавии байналмилалӣ, вазорату идораҳои давлатӣ зикр намуданд, ки доир ба парвариш, истеҳсол, коркард, сифат ва мутобиқати маҳсулоти озуқаворӣ барои баровардан ба истеъмол, инчунин содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба кишварҳои дуру наздик ҳамчун низоми мукаммали озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор андешидани тадбир бисёр муҳим аст.
Инчунин дар анҷоми даври якуми муколама таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби Ҳамоҳангсози миллии муколамаи мазкур ва дигар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд вобаста ба нақшаи минбаъда оид ба низоми озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ баён карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани Муколамаи миллии саммити низоми озуқаворӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули иҷрокунандаи чорабинии мазкур Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Бо ин мақсад Ҳамоҳангсози миллии Муколамаи низоми озуқаворӣ аз ҷониби Раиси Кумита муовини якуми раиси мақомоти бехатарии озуқаворӣ таъйин гардида, дар якҷоягӣ бо ҷонишин, фасилитатор ва куратори интихобгашта то анҷоми се марҳилаи баргузории муколама, ки то охири соли равон бо мақсади низоми озуқаворӣ ва наздик шудан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар ба нақша гирифта шудааст, фаъолият мебаранд.








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






