Даври аввали Муколамаи миллӣ оид ба низоми озуқаворӣ барои Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити низоми озуқавории СММ доир шуд

Апрель 1, 2021 15:53

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити низоми озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2021 дар назар аст, Муколамаи миллии низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муколамаи мазкур намояндагони СММ, шарикони рушд, вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи соҳибкорон ва дигар намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода ҳамчун Ҳамоҳангсози миллӣ ба Муколамаи Саммити системаи озуқаворӣ оғоз бахшида, вобаста ба низоми озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Намояндагони созмону ташкилоти соҳавии байналмилалӣ, вазорату идораҳои давлатӣ зикр намуданд, ки доир ба парвариш, истеҳсол, коркард, сифат ва мутобиқати маҳсулоти озуқаворӣ барои  баровардан ба истеъмол, инчунин содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба кишварҳои дуру наздик ҳамчун низоми мукаммали озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор андешидани тадбир бисёр муҳим аст.

Инчунин дар анҷоми даври якуми муколама таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби Ҳамоҳангсози миллии муколамаи мазкур ва дигар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд вобаста ба нақшаи минбаъда оид ба низоми озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ баён карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани Муколамаи миллии саммити низоми озуқаворӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули иҷрокунандаи чорабинии мазкур Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Бо ин мақсад Ҳамоҳангсози миллии Муколамаи низоми озуқаворӣ аз ҷониби Раиси Кумита муовини якуми раиси мақомоти бехатарии озуқаворӣ таъйин гардида, дар якҷоягӣ бо ҷонишин, фасилитатор ва куратори интихобгашта то анҷоми се марҳилаи баргузории муколама, ки то охири соли равон бо мақсади низоми озуқаворӣ ва наздик шудан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар ба нақша гирифта шудааст, фаъолият мебаранд.

Апрель 1, 2021 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд