Даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия баргузор гардид

Апрель 23, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар видеоконференсия баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Белгияро мудири кулли Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ оид ба равобити дуҷониба хонум Аник ван Калстер роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва  рушди устувор баррасӣ гардида, дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муҳокима намуданд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Апрель 23, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд