Доир ба саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги тоҷик намоиш ва конфронси илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи илми тоҷик ва 143-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ доир гардид.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрури Абдулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода, Котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Колотилинский, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, набераи устод Садриддин Айнӣ- Эраҷ Айнӣ, сардори Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ- Шердил Каримов ва дигар олимону донишмандон ширкат намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи намоиш зикр намуд, ки «пас аз Инқилоби Октябр ва пеш омадани зарурати таъсиси собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ чеҳраҳои шинохтаи ҳар халқу миллат барои муаррифии таърихи худ саъю талош намуданд. Дар ин ибтикори наҷиб аз ҷониби тоҷикон саҳми устод Садриддин Айнӣ хеле назаррас мебошад».
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон осори санъати тасвирӣ, кандакории рӯи чӯб ва нимпайкараҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик офарида шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамчунин якчанд ашёи таърихие, ки бозгӯйи ҳаёту фаъолияти пурсамари устод Садриддин Айниянд, ба монанди қаламдон, рангдон, айнакҳо, худкор, асои мунаққаш, гулдон, курсӣ, чароғи рӯйимизӣ, офтобаи мисӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, шаҳодатномаи депутатӣ ва ордену медалҳо аз фонди захиравии Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ интихоб гардида, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар кори конфронси илмӣ доираи васеи олимон, муаррихон, адибон, айнишиносон ва донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолият, эҷодиёт ва саҳми боризи устод Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик маърӯза карданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронси илмӣ директори Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд Амриддин Пӯлотов тавассути онлайн сухан гуфт.
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур аз 14 апрел то 1 майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад.
Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






