Донишгоҳҳои Федератсияи Россия довталабонро ба омӯзиш аз рӯи ихтисосҳои техникӣ ва табиӣ-риёзӣ даъват менамоянд

Апрель 1, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 01.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи политехникии Томск, Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Томск, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Пензаи Федератсияи Россия барои хонандагон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва олии ҷумҳурӣ шароити хуби таҳсил фароҳам оварда, довталабонро аз рӯи ихтисосҳои техникӣ ва табиӣ-риёзӣ барои таҳсил даъват менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, довталабон метавонанд ҷиҳати бақайдгирӣ ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро ба  суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд.

Телефон барои тамос: 2-23-23-59

АКС: аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд