Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои соли таҳсили 2021-2022 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ҷудо намуд. Дар ин бора аз Муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бурсияҳо аз рӯи ихтисосҳои зерин: муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, илмҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва мунисипалӣ ва кори тиҷоратӣ мебошад.
Барои ноил гардидан ба бурсияҳо озмун дар се давр баргузор мегардад. Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмун доранд, ба бахшҳои минтақавии маҳали зисти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Инчунин ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки донистани забони русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Телефон барои маълумот: 2-23-23-59
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






