Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ҷудо намуд

Апрель 18, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 18.04.2021/АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои соли таҳсили 2021-2022 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ҷудо намуд. Дар ин бора аз Муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бурсияҳо аз рӯи ихтисосҳои зерин: муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, илмҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва мунисипалӣ ва кори тиҷоратӣ мебошад.

Барои ноил гардидан ба бурсияҳо озмун дар се давр баргузор мегардад. Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмун доранд, ба бахшҳои минтақавии маҳали зисти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Инчунин ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки донистани забони русӣ ва англисӣ ҳатмист.

Телефон барои маълумот: 2-23-23-59

Акс аз бойгонӣ

 

Апрель 18, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид