Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои соли таҳсили 2021-2022 3 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи зинаи магистратура 3 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст. Дар ин бора аз муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зарурӣ- нусхаи шиноснома (бо тасдиқи нотариус), нусхаи шиносномаи падару модар (бо тасдиқи нотариус), нусхаи диплом (довталабоне, ки то ҳол дипломҳои худро дастрас накардаанд, бояд маълумотнома аз донишгоҳ ва транскрипти баҳо пешниҳод намоянд), маълумотнома аз ҷои зист ва маълумотнома аз ҷои кори падару модар талаб карда мешавад.
Инчунин ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки донистани забони русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Санаи қабули бақайдгирӣ то 28 апрели соли равон идома меёбад. Барои номнавис шудан хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (ш. Душанбе, кўчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






