Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои соли таҳсили 2021-2022 3 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намуд

Апрель 13, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи зинаи магистратура 3 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст. Дар ин бора аз муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зарурӣ- нусхаи шиноснома (бо тасдиқи нотариус),  нусхаи шиносномаи падару модар (бо тасдиқи нотариус), нусхаи диплом (довталабоне, ки то ҳол дипломҳои худро дастрас накардаанд, бояд маълумотнома аз донишгоҳ ва транскрипти баҳо пешниҳод намоянд), маълумотнома аз ҷои зист ва маълумотнома аз ҷои кори падару модар талаб карда мешавад.

Инчунин ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки    донистани забони русӣ ва англисӣ ҳатмист.

Санаи қабули бақайдгирӣ то 28 апрели соли равон идома меёбад. Барои номнавис шудан хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (ш. Душанбе, кўчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83.

Апрель 13, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд