Дувоздаҳ варзишгари маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 6 то 9 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 доир мегардад, ки дар он 12 нафар варзишгарони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) бинобар сабаби осеб бардоштан дар мусобиқаи мазкур иштирок намекунанд. Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё муаррифӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:
Вазн: Иштирокчӣ:
-48кг Шукрона Карчиева
-52кг Аҳлия Мӯъминова
-52 кг Фазилат Гулбоева
-60 кг Шаҳбоз Саидабуроров
-73 кг Сомон Маҳмадбеков
-81кг Акмал Муродов
-81кг Ҳақназар Назаров
-90 кг Комроншоҳ Устопириён
-90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг Мансур Раҳмон
+100 кг Темур Раҳимов
+100кг Хуршед Маҷидов
Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг; Мардон: -60, -66 кг
Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг; Мардон: -73, -81 кг
Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг; Мардон: -90, -100, +100 кг
Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)
Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






