Дувоздаҳ варзишгари маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 иштирок мекунанд

Апрель 5, 2021 15:29

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 6 то 9 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии  Қирғизистон Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 доир мегардад, ки дар он 12 нафар варзишгарони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (9 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) бинобар сабаби осеб бардоштан  дар мусобиқаи мазкур иштирок намекунанд. Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров низ  Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё муаррифӣ мекунад.

Ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:

Вазн:          Иштирокчӣ:
-48кг            Шукрона Карчиева
-52кг            Аҳлия Мӯъминова
-52 кг           Фазилат Гулбоева
-60 кг           Шаҳбоз Саидабуроров
-73 кг            Сомон Маҳмадбеков
-81кг             Акмал Муродов
-81кг             Ҳақназар Назаров
-90 кг           Комроншоҳ Устопириён
-90 кг           Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг          Мансур Раҳмон
+100 кг        Темур Раҳимов
+100кг         Хуршед Маҷидов

Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг;    Мардон: -60, -66 кг

Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг;   Мардон: -73, -81 кг

Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг;   Мардон: -90, -100, +100 кг

Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)

Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.

Апрель 5, 2021 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд