«Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» ҳамчун махзани илму адаб баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода», ки қаблан Толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ном дошт, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» туҳфаи арзандаест ба аҳли илму адаби кишвари фарҳангофар ва китобдӯсти мо, ки ба ҳайси миллати соҳибкитоб ва соҳибмаърифат шинохта мешаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» метавонанд аз ин махзани пурасрор истифода намоянд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва чанд нафар устодони донишгоҳ дар бораи муҳимияти омӯзиши китобҳои нодири «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» сухан гуфтанд.
АКСҲО аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






