Исмоил Сафаров соҳиби «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» гардид

Апрель 26, 2021 14:12

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси якуми  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Исмоил Сафаров дар Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» аз рӯи равияи «Технологияҳои иттилоотӣ» (ғайритахассусӣ) ҷойи аввалро ишғол намуд.  Дар ин бора аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмуни мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир гардида, ду рӯз идома ёфт.

Ректори Донишкада, дотсент Убайдулло Асрорзода дар маросими ифтитоҳи озмун меҳмонон ва донишҷӯёнро шодбош гуфта, зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати маорифпарваронаи хеш, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

Ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шаванд.

«Итминони комил дорем, ки дар озмун истеъдодҳои ҷавон, донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар донишу маҳорати хешро ҳамаҷониба санҷида, минбаъд чун бузургони барҷастаи илми тоҷик барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ дар мамлакат нақши арзишманд мегузоранд»,-иброз намуд ректори Донишкада.

Дар маросими ифтитоҳи озмун ҳамзамон намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Қабл аз оғози озмун намоиши дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён ва эҷодиёти онҳо баргузор гардид. Дар доираи озмун барои иштирокчиён барномаи «Шоми фарҳангӣ» низ доир карда шуд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун Вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок намуда, ғолибонро бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

АКС аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

Апрель 26, 2021 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид