«Истиқлол» дар бозии сеюм аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд

Апрель 22, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 21 ба 22 апрел   бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021  байни дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  баргузор шуд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «МРСООЛ Парк»- и шаҳри Риёз сурат гирифта, бо ҳисоби  3:1 бар суди мизбонон ба анҷом расид.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар қисми аввали бозӣ футболбозони дастаи  «Ал-Ҳилол»  афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 39-ум бо голи задаи дифоъгар Алӣ Ал- Булайхӣ пешгом шуданд. Аммо ин шодии онҳо дер давом накард, зеро бо гузаштани 2 дақиқа аз ирсоли головари Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, дифоъгари 20- солаи дастаи футболи «Истиқлол» — Ваҳдат Ҳаннонов таносуби бозиро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Қисми дуюми бозӣ барои шогирдони мутахассиси бразилӣ — Рогерио бобарор оғоз шуд. Дар дақиқаи 52- юми бозӣ ниммуҳофизатгари даста Ҳаттан Баҳебрӣ хати дарвозаи Рустам Ятимовро рахна кард. Бо сипарӣ шудани 12 дақиқаи дигар Ҳаттан Баҳебрӣ голи дуюмашро ба дарвозаи Рустам Ятимов ба нишон расонида, натиҷаро 3:1 ба фоидаи дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  кард. Ҳарчанд футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе кӯшиши зиёд карданд, ки ба задани гол даст ёбанд, вале натавонистанд.

Дастаи  футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳи А бо касби 7 имтиёз садрнишин мебошад. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4 имтиёз дар зинаи 2- юми ҷадвал ҷой гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сабқати  навбатиашро 25  апрел боз ба муқобили дастаи  футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  доир мекунад.

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

 Аз ин  пеш дастаи   футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе  дар бозии  дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби  3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз  ҳайати  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»  бо ҳисоби мусовии  0:0  бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).

«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

 

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 3 2  1  0  7-3  7
 2  «Истиқлол» (Тоҷикистон)  3  1  1  1  4-5  4
 3  АГМК (Ӯзбекистон)  2  0  1  1  4-5  1
 4 «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА)  2  0  1  1  0-2  1

АКС аз ФФТ

Апрель 22, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид