КИ ҲХДТ дар Хатлон ба сокинон таҳкими низоми ҳаракати ҳизбиро дар сатҳи маҳаллаву деҳот шарҳ дод

Апрель 1, 2021 11:46

ДУШАНБЕ,  01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо сокинони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав мулоқот анҷом дод. Ҳадафи сафар аз расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26  март дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бо фаъолони вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ баён намуда буданд, иборат буд.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи сафар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо иштироки масъулони ташкилоти ибтидоии деҳоту маҳалла дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот” машварат баргузор гашт.

Зикр шуд, ки ҷиҳати таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон корҳои зиёди созандагӣ иҷро мешаванд ва дар амалигардии чунин ташаббусҳо бояд ҳамагон фаъол бошанд. Мо бояд аз захираву имконияти мавҷуда, аз ҷумла замин ва об самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се-чор ҳосил ва ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имконияти содиротии он равона созем. Дар вусъати корҳои баҳорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои саривақтию босамари дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат фаъол бошем.

Дар машварате, ки дар ин шаҳру ноҳияҳо доир гашт, усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, аз ҷумла тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ омӯзонида шуданд.

Қиёмиддин Миралиён   дар деҳаи Қизиласкари Ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус бо ҷараёни корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46, ки бо ташаббуси фаъолони ҳизб тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст, аз наздик шинос шуд. Ҳамчунин дар ин мавзеъ бо ташаббуси сокинони маҳал майдончаи варзишӣ бунёд гардида истодааст.

Апрель 1, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа