Китобҳои рӯзноманигор Шариф Ҳамдампур «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ва «Тоҷикон дар суҳбати Сталин ва Ғафуров» рӯнамоӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои рӯзноманигор, публисист ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур таҳти унвони «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ва «Тоҷикон дар суҳбати Сталин ва Ғафуров» баргузор гардид. Дар маросим рӯзноманигорон, адибон, олимон, ходимони давлативу сиёсӣ ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ин чорабинӣ доир ба фаъолияти муаллиф ва муҳтавои китобҳои ӯ андешаҳо иброз гардиданд.
Китоби «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» фарогири мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодӣ, илму адаб, фарҳанги дохил ва хориҷ мебошад.
Ин китоб ҷилди аввали мунтахаби осори Шарифи Ҳамдампур мебошад, ки ба хонанда имкон медиҳад оид ба вазъи даврони зиндагии ҳамсуҳбатон, нигоҳ ва нақши онон дар шакл гирифтани афкори ҷомеа, сиёсат, иқтисод, адабиёту фарҳанг маълумот пайдо кунад.
Ҷилди дуввуми китоб фарогири мақола, очерк, гузоришҳо буда, ҷилди сеюм сафарномаҳоро дар бар мегирад, ки моҳҳои наздик ба дасти хонандагон хоҳанд расид.
Китоби «Тоҷикон дар суҳбати Сталин ва Ғафуров» лаҳзаҳоеро аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҳикоя мекунад. Шариф Ҳамдампур онҳоро аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо ҷамъ овардааст.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»









Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






