Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи клуби дипломатии «Контекст» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 2 апрели соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи клуби дипломатии «Контекст», ки онро Маркази маҳаллии Аврупо ва Осиё таҳқиқ кардааст, онлайн иштирок намуд.
Тавре аз Консулгарии ҶТ дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот рӯйдодҳои асосии сиёсии дохилии феврал-марти соли 2021, ки дар Россия ва минтақаи Урал ба амал омада буданд, муҳокима карда шуданд. Диққати иштирокчиёни муколама ба мавзӯъҳои марбут ба вазъи Ковид ва раванди эмгузаронии оммавӣ дар кишвар (Россия) ва минтақа равона карда шуд. Ба баъзе масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсии воқеияти имрӯзаи Россия низ дахл карда шуд.
20 нафар иштирокчиёни вохӯрии онлайн ба суханрониҳои мубрам ва пурмазмуни муовини якуми роҳбари дастгоҳи губернатор ва ҳукумати вилояти Свердловск Вадим Дубичев, сиёсатшинос — намояндаи Фонди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ Анатолий Гагарин, роҳбари Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Осиё Андрей Русаков таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Акс аз Консулгарии ҶТ дар Екатеринбург








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






