Корхонаҳои коркарди пахтаи Тоҷикистон технологияҳои пешқадами ширкати «Rieter»-ро дастрас менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахтаи Тоҷикистон аз ширкати «Rieter»-и Швейтсария технологияҳои пешқадами коркарди пахтаро дастрас намоянд. Ин дар ҳолест, ки роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати швейтсариягии «Rieter» дар Душанбе вохӯрӣ анҷом доданд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ҳадафи вохӯрии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Rieter»-и Швейтсария густариши ҳамкорӣ байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати «Rieter», роҳҳои дастрас намудани технологияҳои пешқадам ва муосири коркарди нахи пахта ва имконияти мавҷуда дар ин самт мебошад. Дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони якчанд корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли ҷӯроб иштирок намуда, доир ба фаъолияташон табодули иттилоот намуданд.
Интизор меравад, ки намояндагони Ширкати «Rieter» -и Швейтсария аз якчанд корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахтаи Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии онҳо аз наздик шинос гарданд.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати швейтсариягии «Rieter», ки 225 сол муқаддам- соли 1795 дар шаҳри Винтертури Швейтсария аз ҷониби Иоганн Якоб Ритер таъсис дода шудааст, дар ҷаҳон яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои ресандагӣ бо маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон маъруф буда, дорои 15 корхонаи истеҳсолӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад, ки дар онҳо қариб 5000 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Даромади солонаи ширкат дар як сол 945 миллион франки швейтсарӣ арзёбӣ мегардад.
Аксҳо аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав










Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






