Мақомоти Тоҷикистон ва Чин таъмини интиқоли бемамониати борро тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма-Қаросу» баррасӣ намуданд

Апрель 30, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории механизми муштарак миёни мақомоти марбутаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба  таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу», инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад ба таври маҷозӣ доир гардид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҷониби Чинро муовини Раиси ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур – Чжао Тсунтсю роҳбарӣ намуда,  намояндагони вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок доштанд.

Ҷонибҳо ҷараёни иҷрои мувофиқаҳои ҷаласаи қаблии Гурӯҳи кориро, ки моҳи март доир гардида буд, инчунин фаъолияти кунунии гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу» ва истифодаи мақсадноки вақти корӣ дар гузаргоҳ, риояи ҳатмии пешгирӣ ва назорати эпидемия, таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути ин гузаргоҳ, истифодаи контейнерҳои ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд аз рӯи нақшаи  якҷоя, истифодаи ядак ва нимядак дар қатори контейнерҳо, зиёд намудани иқтидори гузариш тавассути гузаргоҳи «Кулма – Қаросу»   ва дигар масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷа  ҷонибҳо ба мувофиқа  расиданд, ки барои таъмини ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу», интиқоли саривақтии молҳои мавриди ниёзи мардум ва ба иншооти стратегӣ нигаронидашуда дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ  намоянд.

Дар ин замина, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва дар қатори контейнерҳо истифодаи ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

АКС аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид