Мактаббачагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Менделеев оид ба химия ширкат меварзанд

Апрель 8, 2021 11:39

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Тоҷикистон дар 55-умин Олимпиадаи байналмилалии Менделеев аз фанни химия барои  мактаббачагон (IMO-55) баромад мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва, ки ташкилкунандаи олимпиада мебошад, иттилоъ медиҳад.

Олимпиадаи Менделеев аз фанни химия барои мактаббачагон — озмуни бузурги байналмилалӣ мебошад. Он дар ИҶШС ҳамчун Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз фанни химия соли 1967 шурӯъ шуда буд. Вазифаҳоро барои олимпиада ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, аз ҷумлаи кимиёшиносони тамоми ҷаҳон таҳия мекунанд. Забонҳои асосии кории ОБМ — русӣ ва англисӣ мебошанд.

Соли 2021 Олимпиада дар шакли онлайн баргузор мешавад. Олимпиадаи байналмилалии Менделеев 21 апрел соати 12:00 ба вақти Москва ифтитоҳ меёбад. Ташкилкунандагон интизор доранд, ки дар олимпиада дастаҳои зиёда аз 25 кишвар иштирок кунанд. Аз ҷумла, мактаббачагон аз Австрия ва Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Македония, Арманистон ва Исроил, Беларус ва Венгрия, Булғория ва Сурия, Гурҷистон ва Латвия, Эрон ва Қазоқистон, Эстония ва Қирғизистон, Сербия ва Словакия, Тоҷикистон ва Туркманистон, Литва ва Туркия.

Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл мактаббачагони Тоҷикистон дар ин олимпиада фаъолона ширкат варзида, сазовори медалҳо мешуданд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, панҷ сол қабл Тоҷикистон аз рӯи шумораи ҷоизаҳои дар олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон дарёфтнамуда дар радифи кишварҳои беҳтарин қарор дошт: соли 2016 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар олимпиадаҳои мактаббачагон дар 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, 133 медал, аз ҷумла 21 медали тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ дарёфт намуданд.

АКС: ДДМ ба номи М.В. Ломоносов

Апрель 8, 2021 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!