МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Лахш кумаки якдафъаина расонида шуд
ЛАХШ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи шарифи Рамазон ба 60 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш маводи озуқа ва маҳлулҳои антисептиқӣ тақдим намуданд, ки ин амали башардӯстона-дастгирии оилаҳои ниёзманд сабаби болидахотирӣ ва рӯҳбаландии сокинони ноҳия гардид.
Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия барои амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Лахш Тоқтосун Роопов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли равон баҳри беҳдошти вазъи саломатии маъбон ҷиҳати тавонбахшии онҳо 6 адад аробачаҳои маъюбӣ, 8 адад асобағал, 18 адад асои чӯбин, 1 адад дастгоҳи шунавоӣ, 9 адад асои то оринҷ ва 1 адад курсии маъюбӣ ба шахсони эҳтиёҷманд дастрас карда шуд.
Ҳамчунин дар ин давра ба 550 нафар ятимони куллу нимятим, 10 нафар шахсони маъюб, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои дорои ду ва зиёда маъюб ба маблағи 27 ҳазору 550 сомонӣ туҳфаҳои идонаю маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда шуд.








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






