МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Лахш кумаки якдафъаина расонида шуд

Апрель 19, 2021 09:53

ЛАХШ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар  моҳи шарифи Рамазон ба 60 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш маводи озуқа ва маҳлулҳои антисептиқӣ тақдим намуданд, ки ин амали башардӯстона-дастгирии оилаҳои ниёзманд сабаби болидахотирӣ ва  рӯҳбаландии сокинони ноҳия гардид.

Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия барои амалӣ  гардонидани  сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Мудири бахши ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ноҳияи Лахш Тоқтосун Роопов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли равон баҳри беҳдошти вазъи саломатии маъбон ҷиҳати тавонбахшии онҳо 6 адад  аробачаҳои маъюбӣ,   8 адад асобағал, 18 адад асои чӯбин, 1 адад дастгоҳи шунавоӣ, 9 адад асои то оринҷ ва 1 адад курсии маъюбӣ ба шахсони эҳтиёҷманд дастрас карда шуд.

Ҳамчунин дар ин давра  ба 550 нафар ятимони куллу нимятим, 10 нафар шахсони маъюб, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои дорои ду ва зиёда маъюб ба маблағи 27 ҳазору 550 сомонӣ  туҳфаҳои идонаю маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда шуд.

Апрель 19, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст